Озмуни байнулмилалии шаҳрдории пойтахт оид ба сохтмони сардхона

Мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба сохтмони сардхонаи замонавӣ дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои коммуналии шаҳри  Душанбе озмуни байнулмилалӣ эълон кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар озмуни дастрас, васл ва ба кор андохтани сардхонаи замонавӣ  барои нигаҳдории […]

ASIA-Plus


Мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба сохтмони сардхонаи замонавӣ дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои коммуналии шаҳри  Душанбе озмуни байнулмилалӣ эълон кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар озмуни дастрас, васл ва ба кор андохтани сардхонаи замонавӣ  барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карда метавонанд.

«Интизорӣ меравад, ки дар масоҳати ҳар кадоме 1 ҳазору 152 метри мураббаъ дар Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе ва Маркази савдои муосир, воқеъ дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе ду сардхонаи замонавӣ бо иқтидории нигаҳдории 2 ҳазор тонна маҳсулот сохта мешаванд. Дар қаламрави бозори «Шоҳмансур» дар масоҳати 576 метри мураббаъ ва иқтидори нигаҳдории 1 ҳазор тонна маҳсулот низ сардхонаи замонавӣ бунёд мешавад», – гуфта мешавад дар хабари мақомоти шаҳрдорӣ.

Ба иттилои манбаъ, бо қарори раиси шаҳри Душанбе ҳайати комиссияи озмун ва шартҳои озмуни байнулмилалӣ низ тасдиқ шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.