А.Шеърдӯст: М.Аҳмадинажод дар Душанбе бо зиёиёни тоҷик мулоқот хоҳад орост

Душанбе. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст изҳор дошт, ки президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар доираи боздиди қарибулвуқӯъи худ аз Тоҷикистон бо зиёиёни тоҷик мулоқот хоҳад орост. Баргузории мулоқоти мазкур дар таърихи 27-уми август ба нақша гирифта шудааст. Ба қавли ӯ, дар чаҳорчӯбаи сафари серӯзаи […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст изҳор дошт, ки президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар доираи боздиди қарибулвуқӯъи худ аз Тоҷикистон бо зиёиёни тоҷик мулоқот хоҳад орост. Баргузории мулоқоти мазкур дар таърихи 27-уми август ба нақша гирифта шудааст.




Ба қавли ӯ, дар чаҳорчӯбаи сафари серӯзаи худ сарвари давлати Эрон чун кишвари нозир дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат варзида, ҳамчунин бо роҳбарони давлатҳои форсизабон – Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳамид Карзай дидору гуфтушунид хоҳад кард.



Сафир зикр кард, ки дар Душане бобати мулоқоти дуҷонибаи М.Аҳмадинажод бо сарони кишварҳои Русия, Чин ва Қазоқистон мувофиқа ҳосил шудааст. «Ҳамчунин иштироки президенти Эрон дар маросими ифтитоҳи сохтмони бинои нави сафоратхонаи Эрон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар назар аст», – афзуд Алиасғари Шеърдӯст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.