МТБ дар бораи монеъаҳои ҷиддӣ бобати содирот ба Эрон

Дар гузориш таҳти унвони «Таҳқиқоти монеъаҳое, ки бахши хусусии Тоҷикистон зимни содироти маҳсулот ва хизматгузориҳои худ ба бозорҳои ҷудогона дучор мешавад»-и Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти нахи пахта ба Эрон ба мушкилоти назаррас мувоҷеҳ мегарданд. Дар таҳқиқот шарҳ дода мешавад, ки ин мушкилот ба душвориҳои марбут ба пардохтҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар гузориш таҳти унвони «Таҳқиқоти монеъаҳое, ки бахши хусусии Тоҷикистон зимни содироти маҳсулот ва хизматгузориҳои худ ба бозорҳои ҷудогона дучор мешавад»-и Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти нахи пахта ба Эрон ба мушкилоти назаррас мувоҷеҳ мегарданд.

Дар таҳқиқот шарҳ дода мешавад, ки ин мушкилот ба душвориҳои марбут ба пардохтҳои байнулмилалӣ ва талаботи танзими асъор дар Эрон алоқаманданд. «Ширкатҳои тоҷикистонӣ ба мушкилоти ҳисоббаробаркунии саривақтӣ барои маҳсулоти ба Эрон воридшуда дучор гардида, барои раҳоӣ ёфтан аз ин ҳолат, баъзе аз онҳо маҷбуран ба ҷойи пардохти пулӣ ба ивази маҳсулот (бартер) машғул мешаванд», – баён мегардад дар таҳқиқот.

Коршиносони МТБ таъкид месозанд, ки ин вазъ барои содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Эрон монеъаи ҷиддӣ эҷод мекунад ва «аксари ширкатҳои содиркунанда пас аз анҷоми як ё ду муомилот амалиёти содиротро қатъ мекунанд».

«Ҳарчанд ин масъала бо ташаббуси ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти нахи пахта мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта бошад ҳам, аммо танзими асъор ва пардохтҳо дар Эрон торафт бахшҳои зиёди содироти маҳсулот аз Эрон ба Тоҷикистонро фарм мегиранд», – гуфта мешавад дар таҳқиқоти таҳлилгарони марказ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.