Худкушии 28 нафар ноболиғони Хатлон тӯли соли равон

Тӯли соли равон 28 нафар ноболиғони вилояти Хатлон даст ба худкушӣ заданд. Дар ин давра дар маҷмӯъ 114 нафар сокинони вилоят ба ин амал даст зада, наҷоти 38 нафари онҳо муяссар гардидааст. Сардори ситоди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон Юсуф Обидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки миёни онҳо 38 нафарашон […]

Сайраҳмон Назриев


Тӯли соли равон 28 нафар ноболиғони вилояти Хатлон даст ба худкушӣ заданд. Дар ин давра дар маҷмӯъ 114 нафар сокинони вилоят ба ин амал даст зада, наҷоти 38 нафари онҳо муяссар гардидааст.

Сардори ситоди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон Юсуф Обидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки миёни онҳо 38 нафарашон мардон, 76 нафарашон занон ва 28 нафарашон ноблиғон мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра дар ноҳияи Ҷиликӯл – 12, ноҳияҳои Бохтар, Данғара, Восеъ ва Румӣ – 8-тогӣ, Қумсангир – 7, Шаҳритӯс ва шаҳри Қӯрғонтеппа – 6-тогӣ, Темурмалик – 5 ҳодисаҳои худкушӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон, дар 46 ҳолат ҷанҷолҳои оилавӣ ва дар мавридҳои дигар сабабҳои номаълум ба ин ҳодисаҳо боис гардидаанд.

Зимни вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов аз афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар вилоят изҳори нигаронӣ намуда, ба мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои муассир барои пешгирӣ ва коҳиши чунин ҳодисаҳо дастуру супоришҳо дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.