Нооромии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзи 17-уми декабр дар мавзеи Оқ-Сойи ноҳияи Ботканд, наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар як сохтмони бинои бӯстонсарои мутааллиқ ба шаҳрванди Қирғизистон сӯхтор ба амал омад. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, сокинони мавзеъ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сар задани ин сӯхтор гумонбар дониста, дар ин робита шаҳрвандони ҳарду кишвар […]

Заррина Эргашева


Рӯзи 17-уми декабр дар мавзеи Оқ-Сойи ноҳияи Ботканд, наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар як сохтмони бинои бӯстонсарои мутааллиқ ба шаҳрванди Қирғизистон сӯхтор ба амал омад.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, сокинони мавзеъ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сар задани ин сӯхтор гумонбар дониста, дар ин робита шаҳрвандони ҳарду кишвар роҳи мошингарди Исфара-Ворухро бастаанд ва аз ҳарду ҷониб издиҳоми иборат аз ҳудуди 200 нафар ба мушоҳида мерасидааст.

Дар хабари хадамот зикр мегардад, ки ҷиҳати ошкор кардани сабаби сӯхтор айни замон дар Оқ-Сой гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ машғули кор буда, вазъ дар ин қитъаи марзи давлатиро ҳайати шахсии гурӯҳи марзбонони Ботканд дар ҳамдастӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назорат мекунанд.

«Бо мақсади ба эътидол овардани вазъ, имрӯз вохӯрии намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон дар сатҳи намояндагони ваколатдор дар вилояти Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти қудратии ҳарду кишвар дар назар аст», – гуфта мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон раиси шаҳр Даврон Зоҳидов ва муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов дар вилояти Ботканди кишвари ҳамсоя қарор дошта, ҷиҳати ҳалли мусолиматомези масъала гуфтушунид доранд. «Ман мушаххасан гуфта наметавонам, ки чӣ миқдор одамон роҳро банд кардаанд, вале роҳи Исфара – Ворух дарвоқеъ ҳам баста аст», – тасдиқ намуд Тешаев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.