Иштироки раиси ҲНИТ дар нишасти Маркази муколамаи инсонӣ дар Женева

Раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо даъвати Маркази Муколамаи Инсонӣ ё Centre for Humanitarian Dialogue ҷиҳати ширкат дар нишасти дурӯзаи ин созмон шоми рӯзи 16-уми декабр ба шаҳри Женеваи Швейтсария сафар намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин нишаст сиёсатмадорону мутафаккирони исломӣ ва аврупоӣ гирдиҳам омада, атрофи мушкилот ва нофаҳмиҳои ҷаҳонӣ, бахусус миёни Ислом […]

ASIA-Plus


Раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо даъвати Маркази Муколамаи Инсонӣ ё Centre for Humanitarian Dialogue ҷиҳати ширкат дар нишасти дурӯзаи ин созмон шоми рӯзи 16-уми декабр ба шаҳри Женеваи Швейтсария сафар намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин нишаст сиёсатмадорону мутафаккирони исломӣ ва аврупоӣ гирдиҳам омада, атрофи мушкилот ва нофаҳмиҳои ҷаҳонӣ, бахусус миёни Ислом ва Аврупо муколама менамоянд, аз чумла, атрофи мавзӯъҳои ҳамзистии мусолиҳатомези тамаддуну динҳо, эҳтиромгузорӣ ба ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳои динӣ ва қавмӣ дар Аврупо ва олами Ислом, инчунин, ҳодисаҳои ахири олами Ислом табодули назар сурат мегирад.

Гуфта мешавад, мавзӯъи нишасти навбатӣ Муҳиддин Кабирӣ доир ба равандҳои нигаронкунанда дар Миср ва роҳҳои баромадан аз ин буҳрони мавҷуд, ки баъд аз табаддулоти низомӣ дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст ва мардум хостори баргашти президент ва ҳукумати мунтахаби хеш пайваста ба майдонҳо мерезанд, ибрози андеша хоҳад кард.

 Қобили зикр аст, ки раҳбари ҲНИТ ягона ширкаткунанда миёни чеҳраҳои сиёсӣ-исломӣ ва мутафаккирон аст, ки намояндагии ҷаҳони форсизабононро то Индонезиё дар муколамаи исломӣ-аврупоӣ ба уҳда дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.