Таҷлили ҷашни Соли Навро ба муассисаҳои давлатӣ манъ карданд?


Чанде аз сокинони пойтахт ва кормандони муассисаҳои давлатӣ ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба сабабҳои манъи таҷлили ҷашни Соли нави масеҳӣ дар муассисаҳои давлатӣ аз ҷониби раҳбарияти онҳо ба ОИ «Азия-Плюс» муроҷиат карданд.

«Ба саволи ман ба маъмурияти корхона, ки дар он фаъолият дорам, посух доданд, ки таҷлили ҷашни Соли нав дар муассисаҳои давлатӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат манъ карда шудааст», – изҳор намуд ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз сокинони пойтахт, ки нахост ному насабаш ифшо гардад.

Дар дигар муроҷиати ба ОИ «Азия-Плюс» расида аз номи гурӯҳи ташаббускор, ки дар толори махсус барои афроди имконияташон маҳдуд дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ маросими таҷлили ҷашни Соли нав барои кӯдакони маъюбро барпо карданӣ будааст, зикр мегардад, ки маъмурияти Китобхонаи миллӣ посух додаанд, ки таҷлили Соли нав дар муассисаҳои давлатӣ манъ шудааст.

Ба саволҳои хабаргузории «Азия-Плюс» ба вазорату идораҳои гуногуни кишвар дар ин маврид посухи мушаххасе дастрас нагардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, чанд рӯз қабл роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ба тамоми вазорату идораҳои кишвар ҷиҳати зарурати андешидани тадбирҳои зиддисӯхторӣ дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Соли нав дар биноҳои муассисаҳои давлатӣ дастур фиристодааст.

«Шояд ҳамин дастур чанде аз роҳбарони муассисаҳои давлатиро водор намудааст, ки беҳад эҳтиёткор бошанд», – иброз дошт сарчашмаи хабар.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шаҳрдории пойтахт аз ҳамаи корхонаву муассисаҳо бидуни назардошти шакли моликият даъват ба амал овардааст, ки намо (фасад)-и биноҳояшонро идона оро диҳанд.

«Дар тамоми чорабиниҳои идонаи солинавии мақомоти шаҳрдории Душанбе албатта Бобои Барфиву Барфак ва қаҳрамонҳои афсонаҳои халқи тоҷик ширкат хоҳанд варзид», – гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.

Қобили зикр аст, ки ба муносибати таҷлили ҷашни Соли нави 1014 рӯзи 28-уми декабр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт арчаи солинавӣ гузошта мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное