Чорабиниҳо дар ФБД ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ аз соати 13 дар фурудгоҳи Душанбе чорабиниҳоро оғоз намуд. «Мутобиқи нақша ба муҳоҷирони меҳнатӣ буклет ва дигар маводи […]

ASIA-Plus


Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ аз соати 13 дар фурудгоҳи Душанбе чорабиниҳоро оғоз намуд. «Мутобиқи нақша ба муҳоҷирони меҳнатӣ буклет ва дигар маводи чопии огоҳкунанда оид ба омӯзиши паҳлӯҳои ҳуқуқии муҳоҷират, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ тақсим карда шуда, ҳамчунин маркази шаҳрии мубориза алайҳи бемории норасоии масунияти бадан (ВИЧ СПИД) мошини махсуси Экспресс-тест-ро дар хизмати муҳоҷирон гузошт», – иброз дошт ӯ.

Духтури марказ Заррина Самиева иброз доштааст, ки ба ҳамаи муроҷиаткунандагон ёрии ройгон расонида мешавад. Заррина гуфтааст: «Ҳудуди ним соати кор 30 нафарро ташхиси тиббӣ гузаронидем, алъон хушбахтона ҳамаи натиҷаи санҷиши тестӣ нишон дод, ки санҷидашудагон сиҳатанд».

Мавҷуда Азизова мутахассиси Ташкилоти байналхалқии муҳоҷират дар толори бақайдгирии мусофирон бо муҳоҷирони меҳнатӣ сӯҳбат намуда, оид ба паҳлӯҳои ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ, хусусан дар Федератсияи Русия маслиҳатҳои муфид дод. 

Зимнан зикр гардид, ки чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират дар фурудгоҳ идома доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.