Кумаки ИА ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон

Бо мақсади мустаҳкамгардонии системаи идоракунии иттилоотии тандурустӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон 218 компютер, 160 модем ва 90 принтер ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуданд. Тавре аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд,таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи Лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ оиди […]

ASIA-Plus


Бо мақсади мустаҳкамгардонии системаи идоракунии иттилоотии тандурустӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон 218 компютер, 160 модем ва 90 принтер ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуданд.

Тавре аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд,таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи Лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ оиди мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (HMIS III)” дастрас карда шудааст.

Сараввал то охири соли 2013 муассисаҳои тандурустии ш.Душанбе ва 20 ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва баъдан то нимсолаи якуми соли 2014 дигар шаҳру ноҳияҳои боқимонда, бо шабакаи ягонаи иттилоотии тандурустӣ пайваст карда шуда, бо таҷҳизотҳо (компютерҳо, модемҳо ва принтерҳо) таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон, мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии тандурустӣ, дар якҷоягӣ бо омӯзонидани кормандони соҳаи омори тандурустии шаҳру ноҳияҳо ва кормандони раёсатҳои тандурустӣ, оиди технологияи нави истифодабарии компютерӣ ва воридсозии барномаи DHIS-2 гузаронида мешавад.

Дар оянда таҷҳизоти мазкур аз ҷониби истифодабарандагон барои беҳтар намудани сифати маълумотҳо, таҳлил ва баровардани хулосаҳо оиди ҳисоботҳои супоридашуда ва фаъолияти сохтори тандурустӣ, инчунин мунтазам банақшагирии захираҳои соҳаи тандурустӣ истифода бурда мешавад.

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Кӯмаки техникӣ оиди мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маблағи 3,4 млн. Евро, ба ворид намудани системаи ягонаи электронии ҳисоботсупорӣ дар сохтори миллии тандурустӣ мусоидат менамояд.

Лоиҳа дар якҷоягӣ бо EPOS Health Management (Олмон) ва ICON-Institute Public Sector (Олмон), бо иштироки Донишгоҳи Осло (Норвегия) ва IrfatC (Тоҷикистон) татбиқ карда мешавад. Лоиҳа то моҳи маи соли 2016 амалӣ гардонида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.