Дархости ҷавонони ВМКБ оид ба ҳалли мушкилоти бекорӣ

Як гурӯҳи ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз раҳбарияти вилоят муосидат ба ҳалли мушкилоти шуғли ҷавонон ва таъсиси бурсҳои махсус барои ҷавонони дорои маълумоти миёнаро дархост намуданд. Дар муроҷиатномаи ин гурӯҳ ба унвони раиси нави вилоят Шодихон Ҷамшедов зикр мегардад, ки дар қаламрави ВМКБ, бахусус дар шаҳри Хоруғ мушкилоти зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ мавҷуданд, ки дар […]

ASIA-Plus


Як гурӯҳи ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз раҳбарияти вилоят муосидат ба ҳалли мушкилоти шуғли ҷавонон ва таъсиси бурсҳои махсус барои ҷавонони дорои маълумоти миёнаро дархост намуданд.

Дар муроҷиатномаи ин гурӯҳ ба унвони раиси нави вилоят Шодихон Ҷамшедов зикр мегардад, ки дар қаламрави ВМКБ, бахусус дар шаҳри Хоруғ мушкилоти зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ мавҷуданд, ки дар навбати аввал ба ҷавонон таъсиргузоранд.

«Сабаби ба гурӯҳҳои гуногуни ғайриқонунӣ рӯ овардани ҷавонон ва истифодаи тарзҳои ғайриқонунии ба даст овардани воситаҳо аз ҷониби онҳо бекорӣ аст. Вқте кор нест, ҷавонон воситаҳои гуногуни вақтгузарониро ҷустуҷӯ мекунанд», – гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Муаллифони муроҷиатнома бар ин назаранд, ки роҳу воситаҳои гуногуни таъмини ҷавонони вилоят бо ҷойи кор мавҷуд аст ва яке аз онҳо роҳандозии тақсимоти воситахои бурсии барои ҷавонон таъиншуда мебошад.

Зикр мегардад, ки ҳадди ақал ташкилотҳои ҷамъиятии амалкунанда дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи имкон метавонистанд ба таъсиси бурсҳои хурд барои ин қишри ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода, маблағ ҷудо намоянд.

«Чанде аз кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷавонон воситаҳои зиёд ҷудо мекунанд, вале аз истифодаи ин маблағҳо танҳо ҳамон гурӯҳи ҷавонон бархӯрдор мешаванд, ки забонҳои хориҷиро медонанду маълумоти олӣ доранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки гурӯҳи дигари ҷавонон аз ин дастгирии молиявӣ дар канор мемонанд, ҳарчанд маҳз онҳо ба ин дастгирӣ бештар ниёз доранд. Ба андешаи мо, созмонҳои ҷамъиятӣ ҳам аз ин вазъ огаҳанд ва хуб мешуд, агар онҳо дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳукумат тақсими ин бурсҳоро бо назардошти манфиатҳои ҷавононе, ки забонҳои хориҷиро намедонанду маълумоти олӣ надоранд, роҳандозӣ мекарданд ва ин гурӯҳи ҷавонон ҳам аз дастгирӣ бебаҳра намемонданд. Дар навбати худ, онҳо ин воситаҳоро ба нафъи худ, ин ташкилотҳо, давлат ва ҷомеа истифода мекарданд», – гуфта мешавад дар хотимаи муроҷиат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.