Намояндагони Тоҷикистон соҳиби ҷоизахои озмуни «Санъати афсонагӯӣ»

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рӯи афсона, ривоят ва ҳаммосаҳои халқхои Осиё таҳти унвони «Санъати афсонагӯӣ» баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, се сол инҷониб бо иқдоми Вазорати фарҳанг, варзиш ва туризми Ҷумҳурии Корея дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризми Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рӯи афсона, ривоят ва ҳаммосаҳои халқхои Осиё таҳти унвони «Санъати афсонагӯӣ» баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, се сол инҷониб бо иқдоми Вазорати фарҳанг, варзиш ва туризми Ҷумҳурии Корея дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризми Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати  оид ба корҳои фарҳанг ва варзиши ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рӯи афсона, ривоят ва ҳаммосаҳои халқхои Осиё таҳти унвони «Санъати афсонагӯӣ» эълон карда шудааст, ки ҳадафи асосии он дарёфти асарҳои саҳнавии дорои арзишҳои баланди фарҳангӣ ба хотири таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиё дар ҷодаи санъати театрӣ ва филмофарӣ  мебошад.

Мавриди зикр аст, ки соли 2011 Ҷумҳурии Қирғизистон бо сенарияи филми ҳунарии «Ашки духтари ҷасур», соли 2012 Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сенарияи филми ҳунарии «Алпомиш» Шоҳҷоизаи Кумитаи Осиёгии Озмунро соҳиб шуданд.

Ба иттилои манбаъ, имсол ба гирифтани Шоҳҷоизаи Озмун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллифони сенарияи спектакли «Мақсуд зи ҷумла офариниш моем» («Конечная цель всего творения мы») Азим Аминов ва Олим Салимзода мушарраф гаштанд.

Асар дар асоси рубоиёти фалсафӣ ва ҳикматомӯзи суханвари мумтози тоҷик Умари Хайём офарида шуда, ғановати бемисли адабиёти гузаштаи миллати моро барои ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Ҳамчунин дар Озмуни мазкур шоир, нависанда ва драматурги тоҷик Садрӣ Умар бо сенарияи филми ҳунарии «Чамбули мастон» ғолиби Озмун дониста шуд. Мавриди зикр аст, ки Садрӣ Умар дар солҳои 2011 ва 2012 низ бо сенарияҳои спектакли «Гӯрзод» ва филми ҳунарии «Тифле дар чанголи уқоб» дар озмун иштирок намуда, ҷойи худро дар сафи ғолибон ишғол намуд.

Озмуни байналмилалии «Санъати афсонагӯӣ» соли 2014 низ идома ёфта, баргузории навбатии ниҳоии он дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.