Ҷумъабой Сангинов: Рӯйдодҳои Оқсой иғвогарӣ аст

То субҳи имрӯз роҳи мошингарди Исфара – Ворух баста боқӣ монд. Муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон дар минтақаи бетарафи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, дар мавзеи Оқсойи вилояти Ботканд оид ба боз кардани роҳи мошингард гуфтушунид ҷараён дорад. Муовини аввали раиси […]

Аваз Юлдошев


То субҳи имрӯз роҳи мошингарди Исфара – Ворух баста боқӣ монд.

Муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон дар минтақаи бетарафи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, дар мавзеи Оқсойи вилояти Ботканд оид ба боз кардани роҳи мошингард гуфтушунид ҷараён дорад.

Муовини аввали раиси вилоят таъкид дошт, ки чанде қабл бо раҳбарияти вилояти Ботканди кишвари ҳамсоя муноқишаи ахири рӯзи 18-уми декабр рухдода миёни сокинони ҳарду ҷониби марзро баррасӣ карда, нимаи рӯз вазъ каме ором ва аксари мардуми гирдомада ба хонаҳояшон пароканда шудаанд ва ҷонибҳо ба хулоса расидаанд, ки ин далелҳо бояд аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтиш карда шаванд.

«Ҷинояткорони дар ин ноооромӣ дастдошта бояд мавриди муҷозот қарор гиранд. Ҷинояткор на миллат дораду на мазҳаб. Мо комиссияи дуҷониба таъсис додем, ки ба ҳайати он намояндагони ҳарду тараф шомил гардиданд. Комиссия ба кор оғоз намуда, аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш ҳисобот медиҳад. Ба андешаи мо, чунин ҳодисаҳо махсус бо мақсади бастани роҳҳо ва дар ин замина оғоз шудани низоъҳои нав роҳандозӣ мешаванд. Мо ин рӯйдодҳоро ҳамчун иғовагарӣ арзёбӣ менамоем», – изҳор дошт Сангинов.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17-уми декабр дар мавзеи Оқ-Сойи ноҳияи Ботканд, наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар як сохтмони бинои бӯстонсарои мутааллиқ ба шаҳрванди Қирғизистон сӯхтор ба амал омад.

Сокинони мавзеъ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сар задани ин сӯхтор гумонбар дониста, дар ин робита шаҳрвандони ҳарду кишвар

роҳи мошингарди Исфара-Ворухро бастанд

ва аз ҳарду ҷониб издиҳоми иборат аз ҳудуди 200 нафар ба мушоҳида мерасид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.