Ҳисоботи раиси пойтахт дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба вакилон дар бораи ҷараёни иҷрои барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар зарфи 11 моҳи соли равон, нақша ва вазифаҳои мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2014 ҳисобот дод. Раиси пойтахт таъкид дошт, ки дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии пойтахт ба маблағи умумии […]

ASIA-Plus


Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба вакилон дар бораи ҷараёни иҷрои барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар зарфи 11 моҳи соли равон, нақша ва вазифаҳои мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2014 ҳисобот дод.

Раиси пойтахт таъкид дошт, ки дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии пойтахт ба маблағи умумии 815,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81,8 млн. сомонӣ камтар аст.

«Сабаби асосии пастшавии суръати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ – ин аз 1 январи соли 2013 то 25 сентябри соли ҷорӣ қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ ба ҶСК «Тоҷиксемент» ба ҳисоб меравад, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ интиқол мегардад. Маҳз бо ҳамин сабаб беш аз 154,8 ҳазор –тонна семент ба маблағи 125,19 млн. сомонӣ кам истеҳсол гардид», – зикр кард раиси пойтахт.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар моҳҳои январ- ноябри соли 2013 аз 258 корхонаи саноатии пойтахт 148 корхона ё 57,4 фоизи корхонаҳои саноатии шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 фоиз зиёд намуда, дар умум 99,4 млн. сомонӣ фоида ба даст оварданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.