Муҳоҷирати ҳудуди 40 ҳазор нафар тоҷикистониён дар моҳи ноябр

Дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳудуди 910 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3% зиёдтар аст. Дар ин бора бо истинод ба Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ дар «Низоми мониоринг ва огоҳкуни пешакӣ дар Тоҷикистон» маълумот дода мешавад. Бино ба маълумоти ин гузориш, дар ин давра тақрибан […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳудуди 910 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3% зиёдтар аст. Дар ин бора бо истинод ба Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ дар «Низоми мониоринг ва огоҳкуни пешакӣ дар Тоҷикистон» маълумот дода мешавад.

Бино ба маълумоти ин гузориш, дар ин давра тақрибан 683 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки «муҳоҷирати кории моҳона моҳҳои март-апрел ба нишондиҳандаи баландтарини афзоиш расида, сипас тадриҷан рӯ ба коҳиш меорад».

Гуфта мешавад, моҳи ноябр шумори муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар рахти сафар бастаанд, 38,8 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаи моҳи гузашта 29% камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба ахири моҳи ноябри соли ҷорӣ шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия тақрибан ба 1,1 млн. нафар расидааст, ки беш аз 900 ҳазор нафарашонро мардон ва ҳудуди 200 ҳазор нафарашонро занон ташкл додаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.