Аксбардори тоҷики муқими Шветсия Нисор Абураззоқов филми нахустини кӯтоҳмуддати худ таҳти унвони «The child»-ро наворбардорӣ кард. Филм аз силсилаи «Як рӯз аз ҳаёти кӯдак» наворбардорӣ шуд.
Тамошои филм ҳиссиёти муҳим будани ғамхорӣ зоҳир намудан нисбати кӯдакро ба вуҷуд оварда, тамошогар аз муҳаббат ва самимияти бендозаи беандозаи модар баҳра мебарад.
Ба гуфтаи муаллифи филм, ӯ тобистони соли оянда нияти сафар ба ватанро дошта, лоиҳаи нав оид ба наворбардории филм дар бораи фарҳанг, рӯзгор ва табиати Тоҷикистонро амалӣ карданист.
Нисор Абдураззоқови 39-сола айни замон дар шаҳри Гётеборги Шветсия мактаби хусусии омӯзиши фортепиана дорад. Тайи се соли ахир шогирдони ӯ ба 6 ҷоизаи байнулмилалӣ сазовор дониста шуданд. «Чанде аз шогирдони ман беҳтарин дар Шветсия мебошанд», – мегӯяд ӯ бо ифтихор.



