Таассуфи Убайдуллоев аз таҳсил надоштани ҷавонон дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон

Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иртибот ба таҳсил надоштани хатмкардагони гимназиву литсейҳо дар донишгоҳҳои бонуфузи олии саросари ҷаҳон изҳори таассуф намуд. «Мутаассифона, ба дастгириҳои назаррас аз ҷониби шаҳрдорӣ  нигоҳ накарда, дар соли хониши 2012-2013 фақат 6 нафар ба гирифтани медали нуқра сазовор гаштанд. Ҳол он ки солҳои […]

ASIA-Plus


Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иртибот ба таҳсил надоштани хатмкардагони гимназиву литсейҳо дар донишгоҳҳои бонуфузи олии саросари ҷаҳон изҳори таассуф намуд.

«Мутаассифона, ба дастгириҳои назаррас аз ҷониби шаҳрдорӣ  нигоҳ накарда, дар соли хониши 2012-2013 фақат 6 нафар ба гирифтани медали нуқра сазовор гаштанд. Ҳол он ки солҳои 2011 – 2012  4 нафар хатмкунанда сазовори медали тилло ва 17 нафар ба медали нуқра ноил  гардида буданд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки дар ташкили низоми таълиму тадрис дар системаи маорифи шаҳр аз ҷониби масъулин ба саҳлангориҳо роҳ дода шуданд, ки боиси паст шудани сифати дониш ва нишондодҳои соҳа гардид», – гуфтааст М.Убайдуллоев.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни суханронӣ раиси пойтахт зикр кардааст, ки айни замон дар 140 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 7 ҳазору 202 омӯзгор ба таълиму тадриси 172 ҳазору 757 нафар хонанда фаъолият менамоянд ва дар зарфи 11 моҳи соли 2013 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо  3489 адад компютер таъмин гардида, феълан ба 18  нафар хонанда як компютер рост меояд.

«То ба ҳол дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳр камбудию норасогиҳои зиёди ташвишовар, аз қабили содир намудани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон (дар 11 моҳи соли 2013 – 213 адад, 11 моҳи соли 2012 -199 адад) ва  ҷиноятҳои гуруҳӣ ҷой доранд. Боиси нигаронӣ аст, ки дар се соли охир аз 430 нафар хатмкунандагони литсейҳои №№1-2 ва гимназияҳои №1-2, ки омӯзгоронашон аз ҳисоби буҷети шаҳр ҳар моҳ 600 сомонӣ иловапулӣ мегиранд, 358 нафарашон дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ва танҳо 66 нафарашон хориҷ аз он таҳсил менамоянд. Аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо дар донишгоҳҳои бонуфузи олии Кембридж, Оксфорд, Гарвард ва амсоли онҳо дохил нашуданд», – иброз доштааст раиси пойтахт.

Раиси пойтахт ҳамчунин зикр кардааст, ки мутаассифона сатҳи дараҷаи маълумотнокӣ ва саводнокии аҳолии калонсол дар шаҳр сол аз сол коҳиш ёфта, индекси  он агар дар соли 2000-ум ба 0,53 баробар бошад, дар соли 2012 ба 0,48 расидааст.

«Тибқи натиҷаи бадастомада, дар маҷмуъ Индекси рушди имконоти инсон дар шаҳрамон мунтазам рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Агар дар соли 2000 ин нишондод ба 0,426 баробар бошад, соли 2012 он  0,494-ро  ташкил дод, ки гувоҳи сол аз сол рушду нумуъ доштани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр мебошад», – маълумот додааст М.Убайдуллоев.

Зимнан зикр гардидааст, ки ҳамзамон индекси Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) дар соли 2012 нисбат ба соли 2000 зиёда аз 7 маротиба, яъне аз 0,03 то ба 0,22 зиёд шудааст, ки ин нишонаи рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва тавлидоти молу маҳсулот ва савдою хизматрасонӣ дар шаҳр буда, агар дар соли 2000-ум МММ дар шаҳр ба сари аҳолӣ 695,9 сомониро ташкил диҳад, дар соли 2012 ин нишондиҳанда ба 9682,5 сомонӣ баробар гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.