Кормандони ФБД ба сертификати ширкати «Lufthansa» соҳиб шуданд

Барои баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) дар масъалаи нигоҳдорӣ, тайёр намудан ва пошидани моеи зиддияхбандӣ ба ҳавопаймоҳо намояндаи ширкати «Lufthansa»-и Олмон Александр Черепанов, ки дар фурудгоҳи «Бориспол»-и Украина фаъолият дорад, барои гузаштани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба  ФБД даъват шуд. Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳмамадюсуф Шодиев хабар дод, Александр Черепанов аз […]

ASIA-Plus


Барои баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) дар масъалаи нигоҳдорӣ, тайёр намудан ва пошидани моеи зиддияхбандӣ ба ҳавопаймоҳо намояндаи ширкати «Lufthansa»-и Олмон Александр Черепанов, ки дар фурудгоҳи «Бориспол»-и Украина фаъолият дорад, барои гузаштани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба  ФБД даъват шуд.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳмамадюсуф Шодиев хабар дод, Александр Черепанов аз 22 то 25 ноябр барои мутахассисони Хадамоти хизматрасониҳои рӯизаминӣ, ки бо омода намудани ҳавопаймоҳо барои парвоз дар сармо муваззафанд дарс гузашт.

«Дарсҳои назариявӣ мавзӯъҳои нигоҳдорӣ, ҳаҷм ва миқдор, дараҷаи моеъ ва тарзи пошидану риояи техникаи бехатариро дар бар гирифта, дарсҳои амалӣ бевосита аз пошидани моеи зидди яхбандӣ ба ҳавопаймо, риояи меъёрҳои техникӣ, миқдор ва риояи техникаи бехатариро иборат буданд», – иброз дошт ӯ. 

Ба гуфтаи номбурда, дар рафти дарсҳои назариявӣ ва амалӣ Александр Черепанов ба дараҷаи дониш ва кордонии мутахассисони «ФБД» баҳои баланд дода, гуфтааст: «Гумон надоштам, ки фурудгоҳи Душанбе дорои техникаҳои навтарин ва чунин мутахассисони варзида аст».

Бино ба иттилои Муҳиддин Муртазоев, муҳандис-технологи пешбари Хадамоти хизматрасониҳои рӯизаминӣ тайи чанд рӯзи дарсхонӣ 30 нафар мутахассис аз он 2 нафар инструктор, 4 нафар лаборант ва 24 нафар ронанда-оператор оид ба истифодабарии моеи зиддияхбандӣ соҳиби сертификати ширкати бонуфузи «Lufthansa» шуданд.

Қобили зикр аст, ки хадамоти хизматрасониҳои  рӯизаминӣ яке аз хадамоти калонтарини «ФБД» ба шумор меравад. Базаи техникии хадамот дорои мошин ва механизмҳои зиёд буда аз он 50 адад техникаи махсус аст, ки дар мавсими сармо истифода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.