Баррасии дурнамои ҳамкориҳои БМТ ва Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ

Дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Кристофер Миллер натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соли равон ва нақшаҳои нав барои тақвияти муносибатҳои судманд дар соли оянда муҳокима карда шуданд. Бино ба иттилои хадамоти мтабуоти БМТ, ҷаноби Кристофер Миллер зимни суҳбат иброз дошт, ки Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ […]

ASIA-Plus


Дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Кристофер Миллер натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соли равон ва нақшаҳои нав барои тақвияти муносибатҳои судманд дар соли оянда муҳокима карда шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти мтабуоти БМТ, ҷаноби Кристофер Миллер зимни суҳбат иброз дошт, ки Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ дар Тоҷикистон имсол аз рӯи чанд лоиҳаи тарҳрезишуда дар бахшҳои маблағгузории хурд, маблағгузориҳои муштарак, баланд бардоштани маърифати молиявӣ, дастгирии кори Бюрои қарзии иттилоотӣ, омӯзиши рушди қарзҳои ипотекӣ дар маҳалҳо фаъолияти худро идома дода истодааст ва омода аст дар соли оянда низ дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон тарҳҳои навро амалӣ созад.

Абдуҷаббор Ширинов ба Роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ барои кумаку дастгириҳои корпоратсияи номбурда миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар бахши дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла дар самтҳои рушди қарздиҳии ипотекӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва ҷалби маблағгузорӣ ба истеҳсолот омода мебошад. 

Дар баробари ин, ӯ аҳамияти бузурги ҳамкорӣ барои такмили соҳаи қарздиҳӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти Бюрои қарзӣ ва ҷалби маблағгузориро ба низоми қарздии кишвар махсус қайд намуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.