Истихроҷи ангишт нисбат ба соли гузашта 90 ҳазор тонна афзуд

Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи корхонаҳои соҳаи ангишт ба миқдори ҳудуди 490 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 ҳазор тонна ё худ 20% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли гузашта ҳамагӣ 400 ҳазор тонна ангишт […]

ASIA-Plus


Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи корхонаҳои соҳаи ангишт ба миқдори ҳудуди 490 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 ҳазор тонна ё худ 20% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли гузашта ҳамагӣ 400 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардида буд. Моҳи ноябри соли равон бошад, ҳаҷми истихроҷи ангишт  каме бештар аз 55 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи пешин 23 ҳазор тонна камтар мебошад.

Дар вазорат зикр карданд, ки соли равон аксари корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба ивази газу нерӯи барқ ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишваорӣ гузаштанд ва ин ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли он боис гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон 162 корхона дар ҷумҳурӣ ба истихроҷи ангишт машғуланд. Феълан ҳаҷми умумии захираҳои ангишт дар конҳои ангишти Тоҷикистон тақрибан 4 млрд. 500 млн. тонна арзёбӣ мешаванд.

Аҳолии кишвар низ яке аз истеъмолгарони бузурги ангишт мебошад. Бар асари камбуди барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон сокинони деҳот барои гарм нигоҳ доштани манзил ва тайёр кардани ғизо бештар аз ангишт истифода мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.