Тасдиқи Созишномаи будубоши шаҳрвандони тоҷик дар Русия дар Думаи давлатӣ

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон Думаи давлатии Русия Созишнома миёни Русияву Тоҷикистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русяиро ба тасвиб расонид. Ин созишномаро ҷонибҳо 8-уми феврали соли 2013 дар Маскав ба имзо расонида буданд. Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба ОИ «Азия-Плюс» дар шарҳи ин масъала изҳор намуд, ки дар […]

ASIA-Plus


Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон Думаи давлатии Русия Созишнома миёни Русияву Тоҷикистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русяиро ба тасвиб расонид. Ин созишномаро ҷонибҳо 8-уми феврали соли 2013 дар Маскав ба имзо расонида буданд.

Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба ОИ «Азия-Плюс» дар шарҳи ин масъала изҳор намуд, ки дар санади мазкур ба шаҳрвандони тоҷик, ки муваққатан ба қаламрави Русия ворид мешаванд, ҳуқуқ дода шудааст, ки бидуни сабт дар мақомоти салоҳиятдори Русия, муддати 15 рӯз аз санаи вуруд шудан дар қаламрави ин кишвар қарор дошта бошанд.

«Ин муҳлат қаблан 7 рӯз муқаррар шуда, акнун нисбат ба дигар шаҳрвандони хориҷӣ тоҷикистониён бидуни қайд 6 рӯз бештар дар қаламрави Русия иқомат карда метавонанд», – иброз дошт ӯ.

Эгамзод бар ин назар аст, ки тасдиқи созишнома ба муҳоҷирони кории тоҷик шароити бештар мусоид фароҳам меоварад. «Ҳадди ақал, ҳамватанони мо барои қонунӣ гардонидани будубоши худ дар қаламрави ин кишвар вақти бештаре дар ихтиёр хоҳанд дошт», – гуфт намояндаи расмии сафорат.

Муҳаммад Эгамзод мутмаин аст, ки ин иқдом ба таҳкими рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахши муҳоҷират мусоидат хоҳад намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.