Аслов сафири Иттиҳоди Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Санаи 20 декабри соли 2013 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эдуард Ауэр баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози вохӯрӣ ҷаноби Ауэр ба С.Аслов ҷиҳати таъйин гардидан ба вазифаи нави баланд муборакбод гуфта, ба ӯ дар фаъолияти ояндаи дипломатӣ бурдбориҳо таманно […]

ASIA-Plus


Санаи 20 декабри соли 2013 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эдуард Ауэр баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози вохӯрӣ ҷаноби Ауэр ба С.Аслов ҷиҳати таъйин гардидан ба вазифаи нави баланд муборакбод гуфта, ба ӯ дар фаъолияти ояндаи дипломатӣ бурдбориҳо таманно намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои ислоҳоти дохилии ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, идораи захираҳои об ва муҳити зист, Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ инчунин, вазъият дар Афғонистон ва минтақаро мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Перомуни ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва сармоягузорӣ, Вазири корҳои хориҷӣ ба ҷониби Иттиҳоди Аврупо таъсиси гуруҳи кории муштарак иборат аз намояндагони мақомоти дахлдори ҷонибҳо доир ба коркарди таҳияи Нақшаи амал оид ба рушди сармоягузорӣ ва савдо байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро пешниҳод кард.

Ҷонибҳо бори дигар таъкид намуданд, ки ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон босуръат рушд ёфта истодаанд ва онҳо ин гуна шарикиро баланд арзёбӣ менамоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.