Хатлон: Беш аз 9 млн. сомонӣ қарз аз музди меҳнати зерсохторҳои «Барқи тоҷик»

Қарзи музди меҳнат дар зерсохторҳои ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Хатлон ба 1-уми декабри соли 2013 зиёда аз 9 млн. сомониро ташкил медиҳад. Бино ба гуфти як манбаъ дар Шӯрои итифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, қарзи музди меҳнати корхонаҳои «Барқи тоҷик» дар вилояти Хатлон то 1-уми декабри соли гузашта ба 9 млн. 197 ҳазор сомонӣ расидааст. […]

Сайраҳмон Назриев


Қарзи музди меҳнат дар зерсохторҳои ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Хатлон ба 1-уми декабри соли 2013 зиёда аз 9 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфти як манбаъ дар Шӯрои итифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, қарзи музди меҳнати корхонаҳои «Барқи тоҷик» дар вилояти Хатлон то 1-уми декабри соли гузашта ба 9 млн. 197 ҳазор сомонӣ расидааст.

Ин манбаъ гуфт, кормандони зерсохторҳои ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Хатлон тайи 5 моҳ аст музди меҳнаташонро нагирифтаанд. «Мувофиқи маълумотҳои мо, сабаби ба ин миқдор ҷамъ шудани қарзи музди меҳнат саривақт маблағгузорӣ накардани ин зерсохторҳо аз тарафи ширкат гардидааст», – иброз дошт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, бо дар назардошти моҳи декабр шояд ин рақам хеле боло биравад, зеро ҳисоботҳои солона то 8-уми январи соли равон омода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки қарзи умумии музди меҳнат дар вилояти Хатлон ба 1-уми декабри соли гузашта 12 млн. 116 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.