Даргузашти Ҳунарпешаи мардумии ҷумҳурӣ Ойдиной Усмонова

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ойдиной Усмонова дар синни 86-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт. Ойдиной Усмонова 10-уми январи соли 1928 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи коргар ба дунё омада, фаъолияти меҳнатиашро дар театри ба номи Пушкин (феълан ба номи Камоли Хуҷандӣ)-и шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Давоми солҳои 1944-1949 ба ҳайси овозхон […]

Мавлуда Рафиева


Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ойдиной Усмонова дар синни 86-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт.

Ойдиной Усмонова 10-уми январи соли 1928 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи коргар ба дунё омада, фаъолияти меҳнатиашро дар театри ба номи Пушкин (феълан ба номи Камоли Хуҷандӣ)-и шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Давоми солҳои 1944-1949 ба ҳайси овозхон дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст.

Аз соли 1949 то ба нафақа баромадан ба фаъолияти ҳунарӣ дар театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд идома бахшидааст. Соли 1964 ба унвони Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон сазовор дониста шуд. Барои хизматҳои шоистааш ҳамчунин бо ордени Ленин қадрдонӣ гардидааст.

Ойдиной Усмонова ҳамсари шоир Муҳиддин Аминзода ва модари Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Зебо Аминзода аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.