Ташрифи муовини нахуствазири Қирғизистон ба Душанбе баҳри ҳалли масоили марзӣ

Дар шаҳри Душанбе муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ миёни кишварҳоро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» узви ҳайати Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод. «Ҷонибҳо ба масъалаи роҳ надодан ба нооромиву муноқишаҳо дар манотиқи марзии баҳсӣ, ки миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар рух медиҳанд, таваҷҷуҳи хосса […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Душанбе муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ миёни кишварҳоро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» узви ҳайати Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод.

«Ҷонибҳо ба масъалаи роҳ надодан ба нооромиву муноқишаҳо дар манотиқи марзии баҳсӣ, ки миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар рух медиҳанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳанд кард», – зикр кард Сангинов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи сабабҳои сар задани муноқиша дар марз нимаи моҳи декабри соли гузашта дар ҷазирақаламрави Ворухи Тоҷикистон табодули назар намуда, ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳои минбаъд пешгирии ба ин монанд ҳодисаҳо ибрози андеша хоҳанд намуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17-уми декабр дар мавзеи

Оқ-Сойи ноҳияи Ботканд

, наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар як сохтмони бинои бӯстонсарои мутааллиқ ба шаҳрванди Қирғизистон сӯхтор ба амал омад.

Сокинони мавзеъ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сар задани ин сӯхтор гумонбар дониста, дар ин робита шаҳрвандони ҳарду кишвар роҳи мошингарди Исфара-Ворухро бастанд ва аз ҳарду ҷониб издиҳоми иборат аз ҳудуди 200 нафар ба мушоҳида мерасид.

Ҳамчунин маълумоти ахири моҳи декабр интишоршуда дар рӯзномаи «Вечерний Бишкек» дар бораи дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон ҷамъ шудани техникаи зиреҳпӯшро

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

рад карда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.