Нашрияҳои давлатии Суғд бо шакли нав чоп мешаванд

Аз ин ба баъд нашрияҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо шакли нав ба чоп мерасанд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, аз соли нав нашрияҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда» ва «Суғд ҳақиқати» бо андоза (формат)-и А-1 ба табъ хоҳанд расид. Сардабири нашрияи «Ҳақиқати Суғд» Карими Шариф дар ин робита изҳор […]

Мавлуда Рафиева


Аз ин ба баъд нашрияҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо шакли нав ба чоп мерасанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, аз соли нав нашрияҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда» ва «Суғд ҳақиқати» бо андоза (формат)-и А-1 ба табъ хоҳанд расид.

Сардабири нашрияи «Ҳақиқати Суғд» Карими Шариф дар ин робита изҳор намуд, ки ин навгонӣ бо пешниҳод ва дастгирии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳандозӣ шудааст. «Бо гузариш ба андозаи нави чоп сифат ва тартибу ороиши нашрия хеле беҳтар шуд», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки теъдоди умумии нашри се рӯзномаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд беш аз 11 ҳазор нусхаро ташкил дода, теъдоди нашри рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» аз ҳама бештар мебошад, ки се маротиба дар як ҳафта  6 ҳазору 120 нусха ба чоп мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.