Моҳи феврал маҷлиси саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун» доир мегардад

Баргузории маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳҳомони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» (ҶCК «НБО «Роғун») санаи 8-уми феврали соли равон дар назар аст. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, маҷлис дар бинои Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ доир гардида, дар назар аст, ки он таҳти раёсати нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода доир мегардад. […]

Пайрав Чоршанбиев


Баргузории маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳҳомони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии Роғун» (ҶCК «НБО «Роғун») санаи 8-уми феврали соли равон дар назар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, маҷлис дар бинои Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ доир гардида, дар назар аст, ки он таҳти раёсати нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода доир мегардад.

Дар муддати ду рӯз то оғози маҷлис дар бинои Китобхонаи миллӣ саҳҳомони хоҳишманди Ҷамъият баҳри иштирок дар кори маҷлис метавонанд худро ба қайд гузоранд.

«Саҳҳомон бояд ҳайати нави Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳҳомиро интихоб кунанд, зеро аксари аъзои Шӯрои нозирони ҷамъият, аз қабили собиқ нахуствазир Оқил Оқилов, вазири энергетика Гул Шералӣ, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири адлия Бахтиёр Худоёров, вазири рушди иқтисод Фаррух Ҳамралиев, раиси Кумитаи сармоягузорӣ Давлаталӣ Саидов ва чанде дигарон, ки мансабҳои давлатиро тарк ё ба кори дигар гузаштанд, фурсате фаро расидааст, ки аъзои нави Шӯрои нозирони ҷамъият интихоб карда шавад», – гуфтанд дар Кумита.

Ёдрас мекунем, ки маҷлиси умумии нахустини солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО «Роғун» 26-уми майи соли 2011 ва маҷлиси ахири саҳҳомони он 15-уми июни соли гузашта баргузор гардид.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Ба суратҳисоби ҷамъият, ки дар Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ кушода шуданд, аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо 804,7 млн. сомонӣ ва ба сифати кӯмаки молиявӣ 28,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.