Шарҳи расмии мавқеи БМТ оид ба қазияи Занҷонӣ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) оид ба қазияи боздошти тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ ва тасдиқҳои ӯ дар бораи интиқоли 2,5 млрд. евро маблағ тавассути низоми бонкии Тоҷикистон шарҳи мухтасаре интишор намуд. Дар шарҳи мухтасари БМТ зикр мегардад, ки ҶСП БС “Конт Investment Bank” таҳти таҳримҳои байналхалқӣ қарор дошта, вобаста ба ин талаботҳо хизматрасонии интиқолҳо аз ҷониби […]

ASIA-Plus


Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) оид ба қазияи боздошти тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ ва тасдиқҳои ӯ дар бораи интиқоли 2,5 млрд. евро маблағ тавассути низоми бонкии Тоҷикистон шарҳи мухтасаре интишор намуд.

Дар шарҳи мухтасари БМТ зикр мегардад, ки ҶСП БС “Конт Investment Bank” таҳти таҳримҳои байналхалқӣ қарор дошта, вобаста ба ин талаботҳо хизматрасонии интиқолҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст.

«Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар таъйид менамояд, ки тавассути суратҳисобҳои мавҷудаи бонки мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ягон амалиёти интиқолӣ, ки аз ҷониби таҳрими зикршуда манъ гардидааст, гузаронида нашудааст», – баён мегардад дар шарҳ.

Дар идома изҳор мешавад, ки ҷиҳати муҳокимаи масъала вохӯрӣ бо ҳайати баландпояи намояндагии эронӣ бо сарварии муовини Раиси Бонки марказии Эрон тибқи риояи муқаррароти протоколӣ барпо шуда, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф сурат гирифта буд.

«Илова бар ин, гурӯҳи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба пуррагӣ равшан намудани вазъи масъала дар ҶСП БС “Конт Investment Bank” кор бурда истодааст», – гуфта мешавад дар шарҳи БМТ.

Ёдрас мекунем, ки тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки сармояаш тибқи баъзе маълумот 13,8 млрд. $ арзёбӣ мешавад,

рӯзи 31-уми декабр

дар Эрон ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба эҳтимоли қаллобӣ ва азхудкунии маблағи ниҳоят зиёд, тақрибан 2,5 млрд. евро аз фурӯши нафти хом, ки бояд ба суратҳисоби Вазорати нафти Эрон мегузаронид, гумонбар дониста мешавад.

Ба сифати ба Эрон интиқол додани ин маблағ Занҷонӣ ба парлумони Эрон маълумотномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тавассути низоми бонкии Тоҷикистон анҷом додани ин амалиётро пешниҳод намудааст.

Баъдтар яке аз вакилони парлумони Эрон маълумотномаро қалбакӣ эътироф намуд. Айни замон Бонки миллии Тоҷикистон низ дар ҳамин мавқеъ қарор дорад.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки тоҷири эронӣ муассиси «Холдинг Конт Групп Тоҷикистон» аст, ки якчанд воҳидҳои зерсохтор дар Тоҷикистон, аз ҷумла «Kont Bank Investment», «Asian Express Terminal», «Asian Express Airline», «Kont tourism», «Kont taminot» ва ғайраро дар ихтиёр дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.