Тоҷикистон ба ҷашни 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ омодагӣ мегирад


Муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова оид ба масъалаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 100-умин солгарди оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зиёдулло Шаҳидӣ машварати корӣ доир намуд.

Тавре аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, М.Ҷабборова ба мақомоти раҳбарии Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизиону радио, Китобхонаи миллӣ, Иттиҳоди оҳангсозони ҷумҳурӣ ва Фонди байнулмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ ҷиҳати баргузор намудани як силсила чорабиниҳо ба муносибати ҷашни солгарди оҳангсоз дастуру супоришҳои мушаххас дод.

«Дар доираи таҷлили ҷашни 100-умин солгарди Зиёдулло Шаҳидӣ дар ҷумҳурӣ як силсила мизҳои гирд, озмун, ҷашнвора ва консертҳо доир гардида, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти оҳангсоз китобҳо ба нашр мерасанд», – гуфтанд дар котиботи нахуствазир.

spot_imgspot_img

Популярное