Тоҷикистон ба ҷашни 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ омодагӣ мегирад

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова оид ба масъалаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 100-умин солгарди оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зиёдулло Шаҳидӣ машварати корӣ доир намуд. Тавре аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, М.Ҷабборова ба мақомоти раҳбарии Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизиону радио, Китобхонаи миллӣ, Иттиҳоди оҳангсозони ҷумҳурӣ ва […]

Аваз Юлдошев


Муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова оид ба масъалаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 100-умин солгарди оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зиёдулло Шаҳидӣ машварати корӣ доир намуд.

Тавре аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, М.Ҷабборова ба мақомоти раҳбарии Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизиону радио, Китобхонаи миллӣ, Иттиҳоди оҳангсозони ҷумҳурӣ ва Фонди байнулмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ ҷиҳати баргузор намудани як силсила чорабиниҳо ба муносибати ҷашни солгарди оҳангсоз дастуру супоришҳои мушаххас дод.

«Дар доираи таҷлили ҷашни 100-умин солгарди Зиёдулло Шаҳидӣ дар ҷумҳурӣ як силсила мизҳои гирд, озмун, ҷашнвора ва консертҳо доир гардида, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти оҳангсоз китобҳо ба нашр мерасанд», – гуфтанд дар котиботи нахуствазир.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.