ХМ: Манъи вуруди 72 ҳазор тоҷикистониён ба Русия

Муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Хадамоти муҳоҷират рӯз то рӯз афзуда истодааст. Тавре Мудири Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Дастгоҳи марказӣ Дустмурод Умбаров иброз дошт, баъди пахши видео-ролики телевизионӣ дар шабакаҳои саросари кишвар оид ба тағйиру иловаҳои қонунгузории Федератсияи Россия ва дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоърасонӣ, муроҷиати шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар […]

ASIA-Plus


Муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Хадамоти муҳоҷират рӯз то рӯз афзуда истодааст.

Тавре Мудири Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Дастгоҳи марказӣ Дустмурод Умбаров иброз дошт, баъди пахши видео-ролики телевизионӣ дар шабакаҳои саросари кишвар оид ба тағйиру иловаҳои қонунгузории Федератсияи Россия ва дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоърасонӣ, муроҷиати шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе зиёд гардидааст. Агар дар давоми соли 2012 ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират танҳо 547 нафар бо дархост муроҷиат карда бошанд, пас дар давоми соли ҷорӣ шумораи муроҷиаткунандагон барои гирифтани маслиҳатҳои муфид 15 ҳазору 480 нафарро ташкил дод (дар муқоиса -14ҳазору 933 нафар, яъне 38 маротиба зиёд мебошад) ва ин шаҳодати он мебошад, ки шаҳрвандон ба кӯмаку дастгирӣ ва маслиҳати кормандони Бахш ниёз доранд. Лекин, корҳои ба сомонрасонида қаноатбахш набуда, мебоист корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии мамлакат ва муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бояд доимӣ бошад ва барои амалӣ намудани он бояд сохторҳои Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣташкил карда шавад.

Бо дарназардошти он, ки садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вайронкунандагони қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия муайян карда шудаанд ва қисми зиёди онҳо аз системаи иттилоотии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия бехабаранд. Ҳамзамон, кормандони Бахш руйхати беруншудагони шаҳрвандони кишварамон дар маҳзанаи иттилоотии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия (ФМС ФР) ному насабашон ҳар рӯзае, ки онҳо ворид мешаванд, мавҷуд мебошад, бо тариқи шабакаи интернет-онлайн ба роҳ мондааст.

Инчунин, дар Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират тавассути мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон махзани маълумоти мамнӯъшудагон ба ҳолати 1 октябри соли 2013 вуҷуд дорад, ки он зиёда аз 72 000 нафар шаҳрвандони кишварамонро дар бар мегирад, мавҷуд мебошад.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.