Дастури таълимии Кумитаи дин барои имомхатибон

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имомхатибони ҷумҳурӣ дастури таълимии иборат аз 300 саҳифаро ба нашр расонид, ки 35 мавзӯи маъвизаҳоро дар бар гирифта, дар 366 масҷиди ҷомеъ ва марказии кишвар тақсим карда мешавад. Раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин […]

Меҳрангез Турсунзода


Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имомхатибони ҷумҳурӣ дастури таълимии иборат аз 300 саҳифаро ба нашр расонид, ки 35 мавзӯи маъвизаҳоро дар бар гирифта, дар 366 масҷиди ҷомеъ ва марказии кишвар тақсим карда мешавад.

Раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор кард, ки дастур фарогири мавзуъҳои ахлоқи неку ҳамида буда, мардумро ба сулҳу созиш ва таҳаммулпазирӣ даъват мекунад.

Бино ба иттилои ӯ, айни замон дар Тоҷикистон 3 ҳазору 567 масҷиди намози панҷгона, 1 Маркази исломӣ, 47 масҷиди марказии ҷомеъ, 366 масҷиди намози ҷумъа, 6 мадраса ва 1 ҷамоатхона амал мекунанд.

«Соли ҷорӣ 135 масҷиди нав ба қайд гирифта шуд, ки 3-тоаш масҷиди марказӣ, 10-тоаш масҷиди намози ҷумъа ва 122-тоаш масҷиди намози панҷгона мебошад», – афзуд Холиқов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.