Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон бо дастгирии ЮНИСЕФ (Хазинаи кӯдакони СММ) ва Шӯрои адлияи ҶТ толори мурофиаи судӣ ва утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон ифтитоҳ мегардад.
Тавре аз намояндагии ЮНИСЕФ дар ҶТ хабар доданд, ЮНИСЕФ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати татбиқи Нақшаи амали миллӣ оид ба ислоҳот дар самти адолат нисбат ба ноболиғон барои солҳои 2010-2015 дастгирӣ кардааст.
Бахше аз ин ҳамкориҳоро ҷорӣ кардани муносибати некхоҳона дар раванди мурофиаҳои судӣ бо ҷалби кӯдакони ҷабрдида, кӯдакони шоҳид ва кӯдакони дар низоъ бо қонун ташкил медиҳад.
Бо ин мақсад ЮНИСЕФ бо мусоидати молиявии Оҷонсии Швейтсарӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ фаъолияти муштаракро бо Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили зерин анҷом медиҳад:
1) Фиристодани судяҳои тахассусӣ ба давраи омӯзишӣ барои судяҳо оид ба масоили адолат нисбат ба ноболиғон;
2) Таҳияи барномаи омӯзишие, ки ба барномаи ҷории омӯзишии Маркази таълимии судяҳо ворид карда мешавад;
3) Мавҷудияти толори махсуси мурофиаи судӣ, ки нисбат ба кӯдакон некхоҳона аст;
4) Мавҷудияти утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон, ки бо системаи назорати видеоӣ таҷҳизонида шуда, аз ҷониби муфаттишон ва айбдоркунандагон барои пешгирии осебрасонии дубора ба кӯдак истифода мешавад
Дар доираи ин лоиҳа ҳафт толори мурофиаи судӣ ва чаҳор утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа кушода мешаванд.



