Чор нафар варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои Олимпии Пекин ба ватан баргаштанд

Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон хабар дод, ки то имрӯз ч ор нафар варзишгарони тоҷик – шиноварон Катерина Измайлова ва Алишер Чингизов, камонвар Албина Камолиддинова ва вазнабардор Низом Сангов аз Бозиҳои Олимпии Пекин ба ватан баргаштанд. Варзишгарони дигари Тоҷикистон 24-уми август дар […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –


Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон хабар дод, ки то имрӯз ч


ор нафар варзишгарони тоҷик – шиноварон Катерина Измайлова ва Алишер Чингизов, камонвар Албина Камолиддинова ва вазнабардор Низом Сангов аз Бозиҳои Олимпии Пекин ба ватан баргаштанд. Варзишгарони дигари Тоҷикистон 24-уми август дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои Олимпии Пекин иштирок хоҳанд кард.




Ба гуфтаи Н.Латифов, ба наздики дар мусобиқоти гӯштини тарзи озод варзишгари Тоҷикистон Виталий Корякин дар сонияи 37-уми қувваозмоӣ аз гӯштингири Ҷопон Кенияи Юмото мағлуб шуд. Дар ин навъи мусобиқоти гӯштингирӣ намояндаи дигари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов рӯзи 21-уми август ба қувваозмоӣ шурӯъ хоҳад кард.



Мавсуф ҳамчунин изҳор дошт, ки имрӯз соати 18-у 45 дақиқаи вақти маҳаллӣ барои дарёфти роҳхат ба мусобиқоти нимниҳоӣ қувваозмоии боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов бо варзишгари қазоқ Еркибулан Шиналиев баргузор мешавад.



Дар Бозиҳои Олимпии Пекин айни замон Тоҷикистон дар мақоми 66-ум ҷой гирифтааст.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.