Даромади буҷети Кӯлоб 3,4 млн. сомонӣ аз нақша зиёд шуд

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 қисмати даромади буҷети шаҳри Кӯлоб 33 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишудаи солона 3,4 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Бино ба маълумоти раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов, даромади иловагӣ ба буҷет ба туфайли васеъ кардани заминаи андозбандӣ имконпазир гардидааст. «Даҳҳо корхонаҳои хурд мавриди истифода қарор гирифта, дар давоми […]

Турко Дикаев



Аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 қисмати даромади буҷети шаҳри Кӯлоб 33 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишудаи солона 3,4 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов, даромади иловагӣ ба буҷет ба туфайли васеъ кардани заминаи андозбандӣ имконпазир гардидааст.

«Даҳҳо корхонаҳои хурд мавриди истифода қарор гирифта, дар давоми сол беш аз 3,5 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли раиси шаҳр, фаъол гардидан ва ба истифода додани корхонаҳои нав имкон дод, ки нисбат ба соли 2012 ба маблағи 23,3 млн. сомонӣ бештар маҳсулот истеҳсол карда шавад. «Хоҷагиҳои деҳқонӣ аз нақшаи пешбинишуда ба маблағи 23 млн. сомонӣ зиёдтар маҳсулоти кишварзӣ истеҳсол намуданд», – иброз дошт А.Раҳмонов.

Қобили зикр аст, ки айни замон ҳаҷми музди меҳнат дар шаҳри Кӯлоб ба ҳисоби миёна 596,9 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли пешин 166 сомонӣ зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.