Иттиҳоди тоҷикон Қирғизистону Тоҷикистонро ба созиш даъват кард

Иттиҳоди тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ бо интишори як нома ба мардум ва ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон муроҷиат кард. Дар ин бора «Вечерний Бишкек» иттилоъ медиҳад. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» , дар нома зикр гардидааст, ки садсолаҳо ба ин тараф мардуми Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ҳамсоягии якдигар ва дар фазои дӯстӣ, бародарӣ ва якдигарфаҳмӣ зиндагӣ […]

ASIA-Plus



Иттиҳоди тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ бо интишори як нома ба мардум ва ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон муроҷиат кард. Дар ин бора «Вечерний Бишкек» иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои

хабаргузории «Озодагон»

, дар нома зикр гардидааст, ки садсолаҳо ба ин тараф мардуми Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ҳамсоягии якдигар ва дар фазои дӯстӣ, бародарӣ ва якдигарфаҳмӣ зиндагӣ дошта, дар аҳди Шӯравӣ ва замони соҳибистиқлолӣ қирғизҳо ва тоҷикон анъанаи гузаштагони худро ҳифз карда, дар тамоми масъалаҳо ба созиш мерасиданд, ки гувоҳи он таҷлили хотирмони ҷашни 20-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо мебошад.

«Мо, тоҷикони дар замини пурфайзи Қирғизистон зиндагӣ дошта, ҳамеша бо некбинӣ ба оянда нигоҳ кардаву нигоҳ мекунем. Иттиҳодияи мо аъзои Ассамблеяи мардуми Қирғизистон аст ва ҳамеша аз ҷониби он пуштибониро эҳсос мекунад. Ҳукумати Қирғизистон барои ҳифз ва рушди забони модарӣ, фарҳанг ва анъанаҳои гузаштаҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст. Бародарони қирғизи мо ҳам дар замини Рӯдакии бузург дар ҳоли амн ба сар мебаранд. Аз ин рӯ, мо тоҷикони Қирғизистон низои дар марзи муштараки ду кишвар ба вуқӯъомадаро бо дард қабул кардем. Мо медонем, ки бархе проблемаҳоро аз Шӯравӣ мерос гирифтаем ва баҳси замин ба осонӣ ҳал намешавад. Аммо умед дорем, танҳо бо роҳи музокирот ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми тарафайн мешавад аз вазъият берун шуд», – омадааст дар муроҷиатнома.

Иттиҳоди тоҷикони Қирғизистон  мардуми ду кишварро ба таҳамулпазирӣ даъват намуда, изҳори итминон кардааст, ки ҳукуматҳои ду кишвар барои ҳалли ҳарчи зудтари вазъи баамаломада бидуни талоши тарафи сеюм чораҳои зарурӣ меандешанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.