Поинравии нархи сӯзишворӣ ва афзоиши воридоти гази моеъ

Соли 2013 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 213 ҳазору 692,2 тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 132 ҳазору 435 тонна зиёдтар аст. Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки талаботи афзоянда дар соли гузашта ба зиёдшавии ҳаҷми воридоти гази моеъ боис […]

Заррина Эргашева



Соли 2013 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 213 ҳазору 692,2 тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 132 ҳазору 435 тонна зиёдтар аст.

Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки талаботи афзоянда дар соли гузашта ба зиёдшавии ҳаҷми воридоти гази моеъ боис гардида, комилан аз эҳтимол дур нест, ки феълан на 40%, балки беш аз 50%-и нақлиёти автомобилии ҷумҳурӣ ба ивази бензини гарон ба истифодаи гази моеъ гузаштаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати мазкур, арзиши 1 тонна гази моеъи воридшуда ба Тоҷикистон дар соли гузашта ба ҳисоби миёна 619 доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нархи миёнаи соли 2012 ба миқдори 38 доллари ИМА поинтар аст.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 ба Тоҷикистон 383 ҳазору 003 тонна

маҳсулоти нафтӣ

ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 10 ҳазору 795 тонна зиёдтар аст.

Дар робита ба нархи маводи сӯзишворӣ бошад, яке аз ширкатҳои бузурги воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон – ҶДММ «Газпромнефт- Тоҷикистон» дар бораи поинравии навбатии нархҳо маълумот дод, вале ин ягона ширкате нест, ки нархҳо ба маҳсулоти нафтиро коҳиш медиҳад. Дар шабакаҳои нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории ширкатҳои «Фароз», «Умед 88», «ТОМ oil» ва дгар ширкатҳо низ поинравии нархҳо ба мушоҳида расида, дар баробари бензин гази моеъ ҳам арзон мешавад.

Аз ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар Душанбе ва навоҳии тобеи марказ нархи бензини навъи АИ-95 аз 5,90 сомонӣ то 5,80 сомонӣ, АИ-92 аз 5 сомонӣ то ба 4,90 сомонӣ ва гази моеъ аз 3,60 сомонӣ то ба 3,50 сомонӣ поин рафтааст.

Ғайр аз ин, дар нуқтаҳои маводи сӯзишвории шаҳри Душанбе фурӯши навъи нави бензини 95 G-Drive бо нархи 5,95 сомонӣ барои 1 литр оғоз шудааст.

Дар вилояти Суғд низ арзиши бензин ва гази моеъ поин рафт. Масалан, дар нуқтаҳои фурӯши ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» дар минтақаи шимоли кишвар нархи бензини навъи АИ-95 аз 5,30 то 5,20 сомонӣ, АИ-92 аз 4,80 то 4,60 сомонӣ поин рафта, бенизин навъи АИ-98 бо нархи пешина – 6 сомонӣ фурӯхта мешавад. Арзиши гази моеъ аз 3 сомонии қаблӣ то ба 2,90 сомонӣ барои 1 литр коҳиш ёфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.