Таъмиру азнавсозии роҳҳои Қӯрғонтеппа аз ҷониби Ҷопон

Ҷопон маблағгузории лоиҳаи азнавсозии роҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппаро бар уҳда гирифт. Бино ба гуфти раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов, Ҷопон лоиҳаи азнавсозии беш аз 6 км роҳҳои дохили шаҳри Қӯрғонтеппаро бар уҳда гирифтааст. «Аллакай мутахассисон омада, роҳҳои автомобилгарде, ки бояд мавриди азнавсозӣ қарор бигиранд, мавриди омӯзиш қарор доданд ва  имсол оғози корҳои сохтмону таъмир дар назар […]

Сайраҳмон Назриев


Ҷопон маблағгузории лоиҳаи азнавсозии роҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппаро бар уҳда гирифт.

Бино ба гуфти раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов, Ҷопон лоиҳаи азнавсозии беш аз 6 км роҳҳои дохили шаҳри Қӯрғонтеппаро бар уҳда гирифтааст. «Аллакай мутахассисон омада, роҳҳои автомобилгарде, ки бояд мавриди азнавсозӣ қарор бигиранд, мавриди омӯзиш қарор доданд ва  имсол оғози корҳои сохтмону таъмир дар назар аст», – зикр кард номбурда.

Ба гуфти раиси вилоят, яке аз мушкили асосии шаҳри Қӯрғонтеппа вазъи ногувори роҳҳои мошингарди шаҳр аст, ки дар сурати амалишавии ин лоиҳа як қисми он азнавсозӣ мешавад. «Ҳамчунин як соҳибкори маҳаллӣ таъмири роҳи мошингарди кӯчаи Айниро ба зимма гирифта, аллакай бештари онро асфалтпӯш намуд ва қисмати дигарашро низ имсол ба анҷом хоҳад расонид», – гуфт ӯ.

Гулмаҳмадов ҳамчунин гуфт, Ҷопон маблағгузории азнавсозии зиёда аз 4 км роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлобро низ бар уҳда гирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.