Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ Саидалӣ Сиддиқов изҳор намуд, ки дар шабакаҳои давлатии телевизиони ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ алайҳи аҳзоб, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маъракае роҳандозӣ нашудааст.
Ӯ мутмаин аст, ки барномаҳои соли гузашта пахшшуда дар бораи муқобили ҲНИТ ибрози андеша намудани роҳбарони бахшҳои он дар минтақаҳо, кадрҳои қатлу амалҳои зӯровариро нисбат додан ба ин ҳизб ҳадафи бадномкунии ҲНИТ назди мардум дар остонаи интихоботи президентиро надоштанд.
«Ин аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ пешниҳод шуда, хабарнигорони мо аз рӯи он мавод таҳия намуданд, ки дар онҳо худи одамони ҷамъшуда дар ноҳияҳо бо шумори 500-1000 нафар мавқеи шахсии худро нисбати ин ҳизб иброз намуданд ва инро наметавон маъракаи махсус тарҳрезишудаи телевизион алайҳи ҲНИТ номид», – иброз дошт ӯ.
Ба саволи чаро маҳз дар арафаи интихоботи президентӣ таҳия гардидани ин сюжетҳову имрӯзҳо намоиш надодани ба ин монанд мавод, Саидалӣ Сиддиқов посух дод, ки акнун дигар аллакай чунин шахсони норозӣ аз ҳизби мазкур нестанд ва «агар пайдо шаванд, онҳоро боз намоиш медиҳанд».



