Шарҳи Сиддиқов оид ба маъракаи алайҳи ҲНИТ дар телевизион

Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ Саидалӣ Сиддиқов изҳор намуд, ки дар шабакаҳои давлатии телевизиони ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ алайҳи аҳзоб, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маъракае роҳандозӣ нашудааст. Ӯ мутмаин аст, ки барномаҳои соли гузашта пахшшуда дар бораи муқобили ҲНИТ ибрози андеша намудани роҳбарони бахшҳои он дар минтақаҳо, […]

ASIA-Plus


Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ Саидалӣ Сиддиқов изҳор намуд, ки дар шабакаҳои давлатии телевизиони ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ алайҳи аҳзоб, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маъракае роҳандозӣ нашудааст.

Ӯ мутмаин аст, ки барномаҳои соли гузашта пахшшуда дар бораи муқобили ҲНИТ ибрози андеша намудани роҳбарони бахшҳои он дар минтақаҳо, кадрҳои қатлу амалҳои зӯровариро нисбат додан ба ин ҳизб ҳадафи бадномкунии ҲНИТ назди мардум дар остонаи интихоботи президентиро надоштанд.

«Ин аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ пешниҳод шуда, хабарнигорони мо аз рӯи он мавод таҳия намуданд, ки дар онҳо худи одамони ҷамъшуда дар ноҳияҳо бо шумори 500-1000 нафар мавқеи шахсии худро нисбати ин ҳизб иброз намуданд ва инро наметавон маъракаи махсус тарҳрезишудаи телевизион алайҳи ҲНИТ номид», – иброз дошт ӯ.

Ба саволи чаро маҳз дар арафаи интихоботи президентӣ таҳия гардидани ин сюжетҳову имрӯзҳо намоиш надодани ба ин монанд мавод, Саидалӣ Сиддиқов посух дод, ки акнун дигар  аллакай чунин шахсони норозӣ аз ҳизби мазкур нестанд ва «агар пайдо шаванд, онҳоро боз намоиш медиҳанд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.