Дар марги Тоҷиев ҲНИТ мақомоти интизомиро гунаҳкор медонад

Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо баргузор кардани ҷаласаи худ, масъалаҳои марбут ба боздошт ва  ба шаҳодат расонидани узви ҲНИТ Умедҷон Тоҷиевро дар беморхонаи боздоштгоҳи вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дод. Дар Баёнияи интишоргардидаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар сомонаи расмии ҳизб дар ин робита зикр мегардад, ки Умедҷон Тоҷиев 30 октябри соли 2013 аз […]

ASIA-Plus


Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо баргузор кардани ҷаласаи худ, масъалаҳои марбут ба боздошт ва  ба шаҳодат расонидани узви ҲНИТ Умедҷон Тоҷиевро дар беморхонаи боздоштгоҳи вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар Баёнияи интишоргардидаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар сомонаи расмии ҳизб дар ин робита зикр мегардад, ки Умедҷон Тоҷиев 30 октябри соли 2013 аз тарафи кормандони бахши кофтукоби ҷиноии шӯъбаи корхои дохилии шаҳри Исфара боздошт гардида, қазияи боздошти ӯ аз ибтидо паҳлӯҳои ба ҳампечидаи зиёде дошт.

«Марҳум У. Тоҷиев дар сӯҳбату мулоқотҳо бо вакилони дифоъаш баён медошт, ки мавриди зарбу лат ва озори зиёди кормандони шӯъбаи мазкур бахотири эътирофи «иттиҳом» қарор мегирифт ва ин амал боиси ба таври муаммо сарозер шудани номбурда аз ошёнаи сеюми бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ гашт», – гуфта мешавад дар баёния.

Бо истинод ба гуфтаҳои шоҳидон ва вакилони дифоъи марҳум дар баёния изҳор мешавад, ки осори зарбу лат ва азият дар бадани ӯ баръало мушоҳида гардида, омили аслии ба шаҳодат расидани  ӯ истифодаи аз ҳад зиёди нерӯи барқ ва таъсири манфии он ба кори қалб ба шумор меравад.

«Дар зимн Шӯрои сиёсии ҲНИТ сабаби аслии марги У. Тоҷиевро аз бемасъулиятӣ, саҳлангорӣ ва дурр будан аз ахлоқ ва инсофи инсонии кормандон ва масъулини интизомӣ медонад. Ҳарчанд аз тарафи вакилони дифоъ ва пайвандони У. Тоҷиев ба мақомот барои хуб набудани вазъи саломатӣ ва сиҳатии номбурда чандин нома ва аризаҳо ҷиҳати интиқоли  ӯ ба беморхона пешниҳод гардид, вале мутаассифона ин муроҷиатҳо аз тарафи мақомот нодидагирифта шуд. Ва метавон ба ин натиҷа расид, ки масъулияти марги У. Тоҷиев пурра бар дӯши мақомот интизомӣ мебошад», – омадааст дар баёния.

Бо маҳкумияти ин амали мақомот дар фарҷомибаёни Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз Прокуратураи Генералӣ талаб намудааст, ки дар мавриди таҳқиқи сабабҳои марги шаҳрванд У. Тоҷиев як комиссияи босалоҳият бо шумули намояндагони ҲНИТ ва вакилони дифоъи марҳум таъсис дода, қазияро ҷиддан баррасӣ намоянд ва шахсоне, ки сабаби марги У. Тоҷиев шудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд.

Ёдрас мекунем, ки узви раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара Умедҷон Тоҷиев, ки аз ошёнаи сеюми Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара ба берун афтода буд, рӯзи 19-уми январ дар бемористони марказии Раёсати муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд, воқеъ дар муассисаи ислоҳии 3/5-и шаҳри Хуҷанд

ба ҳалокат расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.