Шиносоии нахуствазир бо корҳои соҳилмустаҳамкунӣ дар Кӯлоб

Сафари корӣ ба минтақаи ҷануби кишварро нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода бо шиносоӣ аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ оғоз кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Кулоб хабар дод, нахуствазир бо рафти корҳои мазкур дар соҳилҳои дарёи Яхсу, ки ноҳияҳои Кӯлобу Восеъро фарогир аст, аз наздик ошно гардида, сипас дар […]

Турко Дикаев


Сафари корӣ ба минтақаи ҷануби кишварро нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода бо шиносоӣ аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ оғоз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Кулоб хабар дод, нахуствазир бо рафти корҳои мазкур дар соҳилҳои дарёи Яхсу, ки ноҳияҳои Кӯлобу Восеъро фарогир аст, аз наздик ошно гардида, сипас дар худи шаҳри Кӯлоб аз сойи пурхатари селфарои Тебалай тайи солҳои ахир боздид мекунад.

Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов

қаблан

дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки сойи Тебалай ҳамасола ба сокинони ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод ва шаҳру ноҳияи Кӯлоб хисороти зиёд ба бор оварда, соли 2010 маҳз бар асари обхезӣ дар ин сой ва фаромадани лойқаву санг, ки қисмате аз шаҳри Кӯлобро шуста буд, 13 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Ӯ зикр карда буд, ки , ки аз амалу тадбирҳои ноҷӯру парокандаи мақомоти маҳаллии ноҳияҳои зикршуда ва шаҳри Кӯлоб дар мавриди тозакунии маҷрои сой ва ба самти бехатар равона кардани он натиҷаҳои дилхоҳ ҳосил намешаванд ва аз ин рӯ, зарурати таъсиси мақомоти ягона дар сатҳи ҷумҳуривӣ ё байниноҳиявӣ оид ба ҳамоҳансозии тамоми корҳо дар сойи Тебалайро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.

«Зимни сафари кории нахуствазири ҷумҳурӣ ба минтақа, мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ин ташаббусро ба ӯ пешниҳод хоҳад кард», – иброз дошта буд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова