Густариши робитаҳои Тоҷикистону Қатар дар соҳаи маориф

Рӯзи 21-уми январ дар толори хурди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов бо сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон ҷаноби Алӣ ибни Муборак Саид ал-Муҳаннадӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҶТ, ҷаноби Алӣ ибни Муборак Саид ал-Муҳаннадӣ омодагии кишвари хешро дар роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои […]

ASIA-Plus


Рӯзи 21-уми январ дар толори хурди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов бо сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон ҷаноби Алӣ ибни Муборак Саид ал-Муҳаннадӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҶТ, ҷаноби Алӣ ибни Муборак Саид ал-Муҳаннадӣ омодагии кишвари хешро дар роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф арз намуда, аз имконоти мавҷудаи Давлати Қатар дар ин самт ҳарф зад.

Қобили зикр аст, ки Давлати Қатар дастовардҳои назаррасеро дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ соҳиб гаштааст ва омодааст ҷавонони тоҷикро дар муассисаҳои бонуфузи худ ба таҳсил фаро гирад, – таъкид намуд сафир.

Нуриддин Саидов, дар бораи низоми маорифи кишвар маълумот дода, аз имконоти тарафайн дар самти тариқи квота ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни ҳар ду кишвар, омӯзиши забони арабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, табодули донишҷӯён, анҷоми таҳқиқоти муштарак дар самтҳои мухталифи илм, баргузории конфронсҳо ва дигар масоили марбут ба таълиму тарбия сухан гуфт.

Гуфта мешавад, дар назар аст, ки пас аз омӯзиши ҳаматарафаи масъалаи мазкур тафоҳумномаи ҳамкории тарафайн омода ва ба тасвиб расад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат