ДДТТ накшаи унвондоркунонии устодонро иҷро накард


Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон танҳо 45% устодон унвони илмӣ доранд, дар ҳоле, ки мутобиқи қарори Вазорати маориф, 50% устодон бояд унвони илмӣ дошта бошанд. Дар ин бора ректори ДДТТ Мӯъминҷон Шарипов иттилоъ дод.

Ӯ қайд кард, ки барои омода кардани устодони унвондори раёсати донишгоҳ тамоми чораҳоро амалӣ месозад. «Шурӯъ аз моҳи октябри соли 2013 маоши омӯзгорон 10% баланд гардонида шуд, барои ҳавасмандкунонии устодони унвондор маоши онҳо 15 % боло бурда шудааст» – гуфт Шарипов.

Айни замон да донишгоҳи мазкур зиёда аз 10 нафар докторони илм ва профессорон дарс гуфта, теъдоди номзадони илм  беш аз 70 нафар аст.

spot_imgspot_img

Популярное