Х.Ибодзода: Комиссия сабабҳои партовҳои МБГ-2-ро таҳқиқ мекунад

Партовҳо ба фазо зимни мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 аз ҳадди ниҳоии меъёрҳои иҷозатшуда боло набуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ Хайрулло Ибодзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввали ба истифода додани чунин иншоот ҳолатҳои партоби якдафъаинаи […]

Лилия Гайсина


Партовҳо ба фазо зимни мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 аз ҳадди ниҳоии меъёрҳои иҷозатшуда боло набуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ Хайрулло Ибодзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввали ба истифода додани чунин иншоот ҳолатҳои партоби якдафъаинаи ифлосиҳо ба фазо бо миқдори нисбатан зиёдтар аз меъёр ҳолати муқаррарӣ ва назоратшаванда аст ва айни замон ифлосшавии заминавӣ дар минтақаи МБГ-2 ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ аст.

«Дар Маркази нави барқу гармидиҳӣ таҷҳизоти муосире, ки ба тозакунии то 99,8%-и партовҳо ба фазо қодир аст, насб шуда, ин таҷҳизот ҳанӯз то мавриди истифода қарор гирифтани иншоот аз ҷониби мутахассисони мо дар ҳамдастӣ бо кормандони МБГ-2 санҷида шуда буданд», – иброз дошт ӯ.

Ибодзода зикр кард, ки тамоми эродҳои гирифтаи мутахассисони Кумита дар мавриди ҳифзи муҳити зист дар ҷараёни сохтмони МБГ-2 ба эътибор гирифта шуда, камбудиҳо то ба истифода додани навбати аввали марказ ислоҳ карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумита қайд кард, ки айни замон бо мақсади муайян кардани сабабҳои партови ифлосиҳо ба фазо, комиссияи махсус дар марказ фаъолият дошта, натиҷаҳои таҳқиқоти он манзури ҳамагон хоҳанд шуд.

Ёдрас мекунем, ки 10-уми январ бо иштироки президенти кишвар навбати аввали маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе иқтидори 50 мегаватт/соат нерӯи барқ

мавриди баҳрабардорӣ

қарор дода шуд. Навбати дуюми иншоот моҳи апрели соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад. Минбаъд ин марказ 200 МВт нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе»-2» дар доираи созишномаи сеҷониба миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА» (Чин) ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ» бунёд гардида, аз ҳисоби қарзи бонкҳои «Эксимбонк» ва Бонки рушди Чин маблағгузорӣ мешавад. Арзиши лоиҳавии МБГ Душанбе-2 30 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Марказ аз ду навбат бо иқтидори ҳар кадоме 50 МВт иборат аст. Барои кори 1 дег дар 1 соат 31 тонна, дар як шабонарӯз 744 тонна ва дар як моҳ 22 ҳазору 320 тонна ангишт лозим аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.