Фонди хайрияи «Сипар», ки моҳи январи соли равон таъсис дода шуд, ба ҳомии ҳуқуқ Файзинисо Воҳидова дар пардохти 30 ҳазор сомонӣ маблағ ба ширкати «Тоҷирон» кумак кард.
Дар саҳифаи фейсбукии худ Файзинисо Воҳидова дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки фонди «Сипар» дар муддати фаъолияти начандон зиёдаш аллакай аз худ дарак дода, ба як ҳамватан кумаки назарраси худро расонид.
«Ман ба ҳамватанонам минннатдории зиёд изҳор намуда, дарк мекунам, ки шумо ба ин кори хайр даст зада, ҳамзамон наздикону кӯдакони худро аз як бурдаи ноне маҳрум кардед. «Сипар» воқеъан ҳам собит кард, ки ҳангоми мушкилот сипар шуда метавонад», – навиштааст ӯ.
Қобили зикр аст, ки Файзинисо Воҳидова дар қатори Алим Шерзамонов, Шуҳрат Қудратов ва чанде аз дигар аз шаҳрвандон, ки «ба забон овардани номи онҳо алҳол бехатар нест», ба Шӯрои сарпарастони фонди «Сипар» шомил аст.
Рӯзи 9-уми январ адвокат Файзинисо Воҳидова
варақаи иҷрои судро
гирифт, ки мутобиқи он бояд ихтиёран дар муддати 5 шабонарӯз ба ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зиён ба мартабаи корӣ 30 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намояд.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи феврали соли 2013 ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зарар расонидан ба нуфузи кории ширкат нисбат ба адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба Суди олии иқтисодӣ даъво пеш овард.



