Кумаки «Сипар» ба Ф.Воҳидова дар пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба «Тоҷирон»

Фонди хайрияи «Сипар», ки моҳи январи соли равон таъсис дода шуд, ба ҳомии ҳуқуқ Файзинисо Воҳидова дар пардохти 30 ҳазор сомонӣ маблағ ба ширкати «Тоҷирон» кумак кард. Дар саҳифаи фейсбукии худ Файзинисо Воҳидова дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки фонди «Сипар» дар муддати фаъолияти начандон зиёдаш аллакай аз худ дарак дода, ба як ҳамватан кумаки […]

Маҳпора Киромова


Фонди хайрияи «Сипар», ки моҳи январи соли равон таъсис дода шуд, ба ҳомии ҳуқуқ Файзинисо Воҳидова дар пардохти 30 ҳазор сомонӣ маблағ ба ширкати «Тоҷирон» кумак кард.

Дар саҳифаи фейсбукии худ Файзинисо Воҳидова дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки фонди «Сипар» дар муддати фаъолияти начандон зиёдаш аллакай аз худ дарак дода, ба як ҳамватан кумаки назарраси худро расонид.

«Ман ба ҳамватанонам минннатдории зиёд изҳор намуда, дарк мекунам, ки шумо ба ин кори хайр даст зада, ҳамзамон наздикону кӯдакони худро аз як бурдаи ноне маҳрум кардед. «Сипар» воқеъан ҳам собит кард, ки ҳангоми мушкилот сипар шуда метавонад», – навиштааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки Файзинисо Воҳидова дар қатори Алим Шерзамонов, Шуҳрат Қудратов ва чанде аз дигар аз шаҳрвандон, ки «ба забон овардани номи онҳо алҳол бехатар нест», ба Шӯрои сарпарастони фонди «Сипар» шомил аст.

Рӯзи 9-уми январ адвокат Файзинисо Воҳидова

варақаи иҷрои судро

гирифт, ки мутобиқи он бояд ихтиёран дар муддати 5 шабонарӯз ба ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зиён ба мартабаи корӣ 30 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намояд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи феврали соли 2013 ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зарар расонидан ба нуфузи кории ширкат нисбат ба адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба Суди олии иқтисодӣ даъво пеш овард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.