Дар Хуҷанд дар як сол ба 400 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд

Дар шаҳри Хуҷанд давоми соли 2013 ба миқдори зиёда аз 400 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти истехсолгардида нисбати соли 2012 ба 114,8% афзоиш ёфта, шумораи корхонаҳои хурду бузург ба 90 адад расид. Тавре дар сомонаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд омадааст, ба қатори калонтарин корхонаҳои шаҳр корхонаи ресандагии «Неку Хуҷанд», корхонаи муштараки Кореяву Тоҷикистон «Каабол […]

Суман Шаҳзода



Дар шаҳри Хуҷанд давоми соли 2013 ба миқдори зиёда аз 400 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти истехсолгардида нисбати соли 2012 ба 114,8% афзоиш ёфта, шумораи корхонаҳои хурду бузург ба 90 адад расид.

Тавре дар сомонаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд омадааст, ба қатори калонтарин корхонаҳои шаҳр корхонаи ресандагии «Неку Хуҷанд», корхонаи муштараки Кореяву Тоҷикистон «Каабол Тоҷик Текстайлс» ва  корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд» дохил мешаванд.

Ҳаҷми истеҳсол ва коркарди пахта  дар корхонаи аввалӣ давоми соли 2013 баробар ба 360 тонна гардидааст. Корхонаи мазкур аз соли 2010  ба фаъолият оғоз карда, айни замон дар он наздик 200 нафар бо ҷойи корӣ таъминанд. Маҳсулоти истеҳсол намудаи ин коргоҳ дар кишвархои Туркияву Руссия ва бозори дохила ба фуруш гузошта шудааст.  Тибки нақша нақшаи имсолаи коркарди пахта бояд ба 1000 тонна расонида шавад.

Корхонаи дуввумӣ, собиқ корхонаи муштараки Кареяву Тоҷикистон «Каабол Тоҷик Текстайлс» соли 2007 собиқ аз фаъолият бозмонда буд. Солҳои фаъолияти кории ин корхона 2 ҳазору 320 нафар бо ҷойи корӣ таъмин буданд. Ин коргоҳ дорои сехҳои бофандагӣ, ресандагӣ, рангуборкунӣ  буд.

«Ҳоло шароит ва имкони аз нав ба кор даровардани корхона вуҷуд дорад. Бино ба гуфти роҳбарияти корхона ҳоло гуфтушунид ва баррасии азнав ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами коргоҳ бо ширкатҳои давлати Покистон «Прайм-коттон» рафта истодааст. Дар сурати ба як қарор омадан эҳтимол аст,ки моҳи марти ҳамин сол корхона ба кор дарояд. Агар корхона дигарбора  ба кор шурӯъ намояд, дар маҷмӯъ наздик 900 ҷойи корӣ фароҳам оварда мешавад. Дар як моҳ ба иқтидори 300 тонна  пахта коркард шуда, 150 ҳазор метр матои ҷинс омода гардад» – қайд гардидааст дар сомона.

Корхонаи сеюмӣ «Нассоҷии Хуҷанд» давоми соли сипаригардида, ба миқдори 68 тонна маҳсулот истеҳсол намудааст. Дар коргоҳ зиёда аз 120 нафар бо ҷойи корӣ таъмин буда, кормандони он дар се баст фаъолият мебаранд. Нақшаи солонаи нав ҳаҷми маҳсулот бояд  ба як ҳазору дусад тонна расонида шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.