Кабирӣ: Имрӯз ислом ба дармону табобат ниёз дорад

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо мушорикат дар 27-умин конфронси байналмилалӣ дар Теҳрон бо дарназардошти вазъияти нобасомони ҷаҳони Ислом, зимни суханронӣ ба муҳимтарин гирифториҳои он ишорат намуда, таъкид дошт, ки “бо вуҷуди он ки дини Ислом дини сулҳ ва оштӣ, меҳру муҳаббат ва муколамаву якдигарфаҳмист, вале боз ҳам имрӯз кишварҳои исломӣ маркази даргирӣ ва […]

ASIA-Plus


Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо мушорикат дар 27-умин конфронси байналмилалӣ дар Теҳрон бо дарназардошти вазъияти нобасомони ҷаҳони Ислом, зимни суханронӣ ба муҳимтарин гирифториҳои он ишорат намуда, таъкид дошт, ки “бо вуҷуди он ки дини Ислом дини сулҳ ва оштӣ, меҳру муҳаббат ва муколамаву якдигарфаҳмист, вале боз ҳам имрӯз кишварҳои исломӣ маркази даргирӣ ва қатлу нооромиҳо шудаанд”.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни суханронӣ дар ин конфронс дар мавзӯи “Ҷаҳони бидуни хушунат” М.Кабирӣ чунин ишора доштааст: “Қатлу куштор дар миёни мусалмонон ҳам дар мақоми фикру андеша ва ҳам дар мақоми амал ба як мавзӯъи содаву осон табдил шудааст. Мутаассифона касоне ҳастанд дар ҷаҳони Ислом, ки бо номи Ислом ҳукм ба қатли бародари мусалмонро содир мекунад. Гурӯҳҳои ифротӣ шамшер бар зидди бародари мусалмони худ мекашанд”.

Ба иттилои манбаъ, Кабирӣ ба яке аз сарчашмаҳои равонӣ ва фалсафии низоъу кашмакашиҳои ҷаҳони Ислом ишорат намуданд, ки: “инсонҳо чӣ дар заминаи сиёсӣ ва чӣ илмиву иқтисодӣ бо ранҷу заҳмат ва талоши чандинсола ба як ҷойгоҳи иҷтимоъӣ мерасанд. Аммо гурӯҳу инсонҳое ҳастанд, ки бо андешаҳои ифротӣ ва амалҳои нодуруст қасди ба даст овардани мақому шӯҳратро доранд. Албатта душманони Ислом ҳам аз ин фурсат ва ин гуна инсонҳо истифода бурда, тухми фитнаву душманиро дар миёни уммати исломӣ мекорад”.

Гуфта мешавад, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар суханронии худ хориҷ шудани ибтикори амал аз дасти гурӯҳ ва андешаҳои муътадилро иллати тарвиҷи ифротигароӣ дониста, гуфт: “Мутаассифона қурбонии хушунат ва даргириҳо ҷаҳони Ислом аст. Имрӯз Ислом ва муслимин пайкари захмиеро мемонад, ки ниёз ба дармону табобат дорад. Фикр мекунам, ваҳдату бародарӣ беҳтарин давои ин захм аст”.

Зимнан зикр мегардад, ки дар бахши дигаре аз суҳбати хеш ба авлавиятбандии масоили илмӣ, иқтисодиву технологӣ ва ваҳдати исломӣ дар ҷаҳони Ислом пардохта, фармудаст: “Агарчи кишварҳои исломӣ ба илм, санъату иқтисод ва ободонӣ ниёзи шадид доранд, аммо на бояд фаромӯш кунем, ки тамомии ин масоил дар гарави ваҳдат ва амният, сулҳу дӯстӣ ба даст меояд”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.