Баррасии вазъи марз дар суҳбати вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон

Чанде қабл бо дархости ҷониби Тоҷикистон суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилбоев баргузор шуд, ки дар он масъалаи ба эътидол овардани вазъ дар марзи давлатии кишварҳо баррасӣ шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ВКХ Қирғизистон хабар медиҳад. Бино ба маълумоти интишоршуда, зимни суҳбат ҷонибҳо зарурати ҳарчи зудтар баргузор намудани […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл бо дархости ҷониби Тоҷикистон суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилбоев баргузор шуд, ки дар он масъалаи ба эътидол овардани вазъ дар марзи давлатии кишварҳо баррасӣ шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ВКХ Қирғизистон хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти интишоршуда, зимни суҳбат ҷонибҳо зарурати ҳарчи зудтар баргузор намудани тафтиши муштараки ҳодисаро таъкид намуданд, ки мувофиқи натоиҷи он бояд нисбати гунаҳкорон чораҳои дахлдор андешида шаванд. Дар суҳбат ҳамчунин атрофи тадбирҳои минбаъда оид ба ҳалли масъала табодули назар сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдилбоев таваҷҷуҳи ҳамтои тоҷики худро ба он ҷалб кардааст, ки онҳо посухи мукаммали Тоҷикистонро ба масоилли зикршуда дар нотаҳои ирсолнамудаи ВКХ Қирғизистон оид ба қазияи мазкур интизоранд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон дар симои сардори ситоди нерӯҳои марзбонӣ генерал-майор Шараф Файзуллоев, муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва роҳбарони шахри Исфара қаблан чандин маротиба изҳор карда буданд, ки муноқишаи рӯзи 11-уми янвр дар қаламрави деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи Тоҷикистон рух дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.