Масъалаи посбонии муштараки марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳалношуда боқӣ монд

Дар гуфтушуниди фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо и.в. сардори Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Раҳимбердӣ Дуйшенбиев, ки шаби гузашта дар шаҳри Исфара анҷом пазируфт, ҳеҷ гуна санад ба имзо нарасид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, дар вохӯрӣ ҷараёни иҷрои тавофуқоти қаблан ҳосилшуда оид ба аз […]

Аваз Юлдошев


Дар гуфтушуниди фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо и.в. сардори Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Раҳимбердӣ Дуйшенбиев, ки шаби гузашта дар шаҳри Исфара анҷом пазируфт, ҳеҷ гуна санад ба имзо нарасид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, дар вохӯрӣ ҷараёни иҷрои тавофуқоти қаблан ҳосилшуда оид ба аз хатти сарҳад дур бурдани нерӯҳо ва воҳидҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

«Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба натоиҷи аввали тафтиши ҳодисаи муноқиша миёни марзбонони ҳарду кишвар рӯзи 11-уми январ, ки мустақилона ҳарду ҷониб мегузаронанд, табодули назар намуданд. Ғайр аз ин, ҳарду ҷониб тавофуқ ҳосил карданд, ки барои саривақт пешгирӣ ва танзим кардани мухолифатҳои имконпазир дар марз робитаи доимӣ роҳандозӣ мекунанд», – иброз дошт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, сари масъалаи посбонии муштараки қитъаҳои баҳсноки марз аз ҷониби нерӯҳои марзбонии ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил нашудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз нимаи моҳи январ қитъаҳои баҳсони марзро дастаҳои муштараки мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар посбонӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.